Ба сарбозони фаъоли қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Суғд рутбаҳои нави ҳарбӣ дода шуд

Февраль 24, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  яке аз қисмҳои ҳарбии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозону афсаронро табрик намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонида, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ равон намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматиро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро намуда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар мамлакат саҳми воқеан таърихӣ гузошт. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизаткунанда табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мунтазам ҷиҳати дастгирии моддии қисмҳои ҳарбӣ кӯшиш намуда, дар остонаи иду ҷашнҳо ба қисмҳои ҳарбӣ кумак мерасонад.

Дар чорабинии тантанавӣ дар вазъи тантанавӣ ба сарбозони фаъол рутбаҳои нави ҳарбӣ дода шуда, ҳамчунин сабозон бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Февраль 24, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад