БАХШИ РУШДИ СТРАТЕГӢ ВА ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтори нав таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтори нав- бахши рушди стратегӣ ва идоракунии сифати таҳсил таъсис дода шуд. Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки таъсиси бахши рушди стратегӣ ва идоракунии сифати таҳсил дар амалӣ намудани принсипҳои банақшагирии стратегӣ, низоми менеҷменти сифат ва рақамикунонии равандҳои фаъолияти донишгоҳ нақши муассир мегузорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар соли таҳсили 2023-2024 шумораи ихтисосҳои донишгоҳ ба 80 адад расонида шуда, бо ҳадафи татбиқи низоми таҳсилоти дуалӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва таъмини ҳамбастагии илм бо истеҳсолот кафедраҳои донишгоҳ дар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ филиал ва намояндагиҳояшонро таъсис доданд.
Инчунин моҳи июни соли 2023 ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати донишгоҳ бори аввал Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холии корхонаву муассисаҳо доир гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






