Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ҷанубу ғарби Покистон шаш нафар ҳалок ва панҷ тан маҷруҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ дар музофоти Балуҷистони ҷанубу ғарби Покистон шаш нафар ҳалок ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус полиси Покистон иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои полис, се мотосиклсавор дар натиҷаи бархӯрдан бо мошини суръаташ баланд дар роҳи фурудгоҳи Кветта- пойтахти музофоти Балуҷистон ба ҳалокат расидаанд.
Тавре полис хабар додааст, инчунин дар натиҷаи садамаи нақлиётии дигар се нафар ҳалок шуда, панҷ тани дигар ҳангоми бархӯрди ду автобуси мусофирбар дар шоҳроҳи соҳилии минтақаи Утали ноҳияи Ласбелаи Балуҷистон захмӣ шудаанд.
Полис ва наҷотдиҳандагоне, ки барои кумак ҳозир шуданд, ҷасади ҳалокшудагон ва маҷруҳонро ба беморхонаҳои наздик интиқол доданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






