Бар асари садамаи оммавии нақлиётӣ дар Миср 15 нафар ҳалок ва 7 кас маҷруҳ гардиданд

Февраль 15, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе дар натиҷаи садамаи нақлиётии оммавӣ дар роҳи биёбонии «Қоҳира — Искандария» дар наздикии шаҳри Амрея, воқеъ дар шимоли пойтахти Миср 15 нафар ҳалок ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии давлатии MENA хабар додааст.

Неруҳои амниятӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ фавран ба ҷои ҳодиса расиданд. Маҷруҳшудагон ба беморхона интиқол ёфтанд, иттилоъ медиҳад MENA бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ.

Кормандони полиси роҳ барои барқарор намудани ҳаракати нақлиёт фаъолият мебаранд. Тафтиши сабабҳои ҳодиса бурда мешавад.

Дар Миср аз сабаби баланд намудани суръат, сифати пасти роҳҳо ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамасола ҳазорон нафар ба ҳалокат мерасанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад