БАРНОМАИ МОБИЛИИ «SOS». Онро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вазъияти фавқулода истифода менамояд
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барномаи мобилии «SOS» таҳия намудаанд, ки яке аз муҳимтарин вазифаи он кумак ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ҳоло раванди санҷишии он ҷараён дошта, баъдан онро ҳар дорандаи смартфони замонавӣ метавонад бар пояи системаи амалиётии «Android» ва «IOS» дар телефонаш насб намояд.
Ба касоне, ки ин барномаро насб менамоянд, дигар зарурати аз ҳар сомона посух ҷустан ба саволҳояшон доир ба ҳолатҳои фавқулода боқӣ намемонад, чун ин гуна маълумот барояшон ҳамеша ва хеле осон дастрас мешавад.
Замимаи мобилии «SOS» роҳи ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар намудани бехатарӣ ва омодагии одамон ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Ин барнома воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва дарёфти иттилооти муосир дар ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Хусусияти аслии ин маводи омӯзишӣ маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолатҳои фавқулода таҳия шудаанд. Модулҳои омӯзишӣ барои расонидани иттилооти муҳим ба корбар ба осонӣ ва равшан тарҳрезӣ шудаанд.
Барнома дорои огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулода, огоҳиҳои фаврӣ дар бораи тағйирёбии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар минтақа мебошад.
Ин барнома барои нафарони дорои синну соли гуногун бо забони хеле дастрас ва сода тарҳрезӣ шудааст.
Таҳияи барномаи мобилӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ «Лоиҳаи баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад






