Бонки миллии Тоҷикистон: «Фаъолияти низоми пардохтии интиқоли маблағҳо «CONTACT» қатъ гардид»

Февраль 29, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо қарори Бонки марказии Федератсияи Русия аз 21 феврали соли 2024 иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии «CONTACT» мебошад, бозхонд гардид. Дар иртибот ба ин фаъолияти низоми пардохтии «CONTACT» дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муваққатии КИВИ БОНК пурра маҳдуд гардида, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ҳоло дар гирифтани маблағҳои тавассути ин низом интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда мушкилӣ ҷой дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон ин ҳолатро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низом дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои он дар назди шаҳрвандон кор мебарад.

Ҳамзамон дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав ба таври илова хабар дода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 29, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст