МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Фестивали саводнокии молиявӣ кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон доир ба аҳаммияти маърифати молиявии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ дар шароити муосир сухан намуданд. Гуфта шуд, ки дониш ва фарогирии васеи молиявӣ аз омилҳои муҳимми рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ мебошад. Дар идомаи ҳамоиш мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии молиявӣ ба иштирокдорони фестивал доир ба мавзуъҳои рӯзмарраи низоми молиявӣ, аз ҷумла «Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо», «Нақши пасандозҳои аҳолӣ дар рушди иқтисоди миллӣ», «Суғуртаи ҳаёт – ҳимояи фардои оила», «Пули миллӣ ва пайдоиши он» ва «Банақшагирии буҷети оила ва муҳиммияти пасандозгузорӣ» маълумот ва рӯнамоҳо пешниҳод намуда, дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ маслиҳату машварат доданд.
Инчунин дар мавзуъҳои пули миллӣ, воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, муҳиммияти пасандозгузорӣ, ҳифз аз қаллобони молиявӣ ва асосҳои саводнокии молиявӣ викторинаҳо гузаронида шуда, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар доираи фестивал хизматрасонии молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ба намоиш гузошта шуд ва 41 ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ хизматрасонию маҳсулоти молиявияшонро муаррифӣ намуданд. Баргузории чунин намоишгоҳҳо ба баланд гардидани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хизматрасониҳои молиявӣ, густариши рақобати солим байни иштирокдорони бозор ва беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид






