Дар Ҷамоати деҳоти Хурмии Панҷакент корхонаи истеҳсоли хишт сохта мешавад

Февраль 3, 2024 14:34

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли хишт сохта мешавад. Мақсад аз  бунёди ин корхона таъмини соҳаи сохтмон бо масолеҳи бинокории истеҳсоли маҳаллӣ бо нархҳои дасрас мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Зимни шиносии раиси шаҳри Панҷакент аз мавзеи бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт иттилоъ дода шуд, ки  бо мақсади бунёди ин коргоҳ ҶДММ «Хишти Хурмӣ» таъсис шуда, лоиҳаи ангоравии он низ омода мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ  дар шаҳри Панҷакент бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, сохтмони беш аз сӣ бинои баландошёна бо марказҳои тиҷоратию хидматрасонӣ вусъат меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Февраль 3, 2024 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст