Дар Ҷамоати деҳоти Хурмии Панҷакент корхонаи истеҳсоли хишт сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли хишт сохта мешавад. Мақсад аз бунёди ин корхона таъмини соҳаи сохтмон бо масолеҳи бинокории истеҳсоли маҳаллӣ бо нархҳои дасрас мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Зимни шиносии раиси шаҳри Панҷакент аз мавзеи бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди ин коргоҳ ҶДММ «Хишти Хурмӣ» таъсис шуда, лоиҳаи ангоравии он низ омода мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Панҷакент бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, сохтмони беш аз сӣ бинои баландошёна бо марказҳои тиҷоратию хидматрасонӣ вусъат меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад






