Дар Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд беш аз 600 бех ниҳоли ҳамешасабз, нодир ва мевадиҳанда шинонида шуд
СУҒД, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд 614 бех ниҳоли ҳамешасабз, нодир ва мевадиҳанда шинонида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, ниҳолҳои сарви ҳамешасабз, санавбар, нахл, ардач, сарвинози шоҳӣ, сарвинози ғарбӣ, ақоқиёи шоҳӣ, анор, сиркодарахт, бирючинаи ҷилодор ва ниҳолҳои нодир, аз қабили секвоиадендрони азим, гинкго билоба, меваи юв, кедри ҳимолоӣ, коҷи кабуд, коҷи тяншонӣ ва ғайра шинониданд.
Ҳашарчиён ҳамчунин бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро нарм карда, корҳои тозакуниву ободонӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил дода, мақсади ҳашар дар он парвариш ва гирд овардани набототи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароити сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.
Ҳудуди Боғи ботаникӣ ба қитъаҳои флористикии набоботи Баҳри Миёназамин, Аврупо ва Сибири Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ тақсим шуда, инчунин аз ниҳолхона, парваришгоҳи ниҳолҳо, минтақаи растаниҳои шифобахш, қитъаи парвариши навъҳои садбаргу савсан ва гармхона иборат мебошад.
Мувофиқи омори соли 2021, дар ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд 160 намуд дарахтону буттаҳои гуногун ба миқдори умумии 3 ҳазору 181 бех мавҷуд мебошанд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






