Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Февраль 16, 2024 08:46

 ХОРУҒ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мавзуи «Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» Файз Мирасан.

Ректори донишгоҳ Амид Комилбек омӯзиши забонҳои хориҷиро дар замони муосир, ки равобити иқтисодию  фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дуру наздик босуръат густариш меёбад, хеле муҳим хонда, изҳор дошт, ки «Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши ҳарчӣ бештари забонҳои хориҷӣ барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ба истифода аз ин шароит барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ, сарфи назар аз ихтисосашон омӯхтани ҳадди ақалл  ду забон- яъне русию англисӣ шарт ва зарур аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи мутахассисон ва сатҳу сифати касбии онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ  зоҳир намуда, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро, ки вазифаи асосии муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, таъкид менамоянд. Мавзуи интихобнамудаи конфронс воқеан хеле рӯзмарра ва актуалӣ аст. Донистани забонҳои гуногуни хориҷӣ ба донишҷӯён дар оянда имконият медиҳад, ки таҳсилро дар давлатҳои пешрафта идома дода, донишашонро мукаммал намоянд».

Иброз гардид, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯ, агар аз як сӯ роҳро барои пайдо намудани ҷои кори муносиб чӣ дар дохил ва чӣ хориҷ аз мамлакат ҳамвор созад, аз сӯи дигар, дар оянда ин донишҷӯён  Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар давлатҳои дунё муаррифӣ менамоянд.

Дар  Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои беҳтар намудани сифати таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ имконоти муносиб муҳайё шуда, синфхонаҳои махсуси омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва олмонӣ амал менамоянд.

Изҳор гардид, ки устодони донишгоҳ бояд иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои фаъолияти илмию педагогӣ қарор дода, баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисос тамоми дониш, малакаву маҳорат ва таҷрибаашонро ба кор баранд.

АКС: АМИТ«Ховар»

Февраль 16, 2024 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид