Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар ҷамъомад машқҳои ҳарбӣ-варзишии сарбозон намоиш дода шуданд.
Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои бузурги давлат ва дастоварди замони истиқлол аст.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат унвон намуда, таъкид доштаанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басе арзишманд доранд»,-илова кард номбурда.
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи истиқлолу амният ва озодии мамлакат рисолати сипари боэътимодро бо сарбаландӣ иҷро намуда, новобаста аз он ки бо иқтидору неруи камтарин таъсис ёфта буд, имрӯз аз лиҳози техникаву ҳайати шахсӣ ва қудрату имконият торафт ғанӣ мегардад, ки аз таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирҳои судманди мақомоти олии мамлакат, хосса роҳбарияти давлату ҳукумат маншаъ мегирад.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






