Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ, 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки имрӯз ин ниҳоди тавонои мамлакат-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбиашро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот чун неруи қудратманд саҳми босазо мегузорад.
Сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки “мояи ифтихор аст, ки сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ниҳоди бонуфузу тавоно амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, рисолати пурифтихор ва хизмати содиқона ба халқу Ватан сарбаландона ҳимоят менамоянд”.
Таъкид шуд, ки мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни донишҷӯён аз рӯи ин шартҳо: бо қадами сафӣ гузаштан, расонидани ёрии аввал ба ҷабрдида, вазнбардорӣ, ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчин, гӯштини камарбандӣ, дастхобонӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳи оташфишон гузаронида шуд.
Ҳадафи мусобиқа тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, омода намудани донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ, ҷалби онҳо ба мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷисмонии донишҷӯён ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон арзёбӣ гардид.
Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






