Дар Донишгоҳи молиявии Русия зиёда аз 200 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамояд
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Семёнов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҷрибаи мусбати ҳамкории бисёрсола дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои молия, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносони соҳаи молия ва дигар мутахассисони баландпоя табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти илмию таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд.
Бояд гуфт, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик байни дигар донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, аксариятро ташкил дода, дар айни замон ба 220 нафар мерасад.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон давоми 32 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон суҳбат намуд. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсусан таъкид гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






