Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 10 нафар донишҷўёни хориҷӣ таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон шумораи донишҷўёни хориҷӣ дар соли 2023 ба 10 нафар мерасад, ки онҳо асосан шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд. Дар ин хусус Ректори Донишкада Ҷамшед Ғанизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ректор иброз дошт, ки аксарияти донишҷӯёни хориҷӣ дар хобгоҳи Донишкада зиндагӣ мекунанд ва барои онҳо беҳтарин шароити зист ва таҳсил муҳайё шудааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати Донишкада дар давраи фаъолияти худ аз соли 2013 то инҷониб бо 16 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, инчунин бо зиёда аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад.
Соли гузашта масъулини самти робитаҳои байналмилалии Донишкада дар наздик ба 10 чорабинӣ, фестивал, форумҳо ва вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, дар ин давра бо 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, санъати тасвирӣ, сафарбарии академӣ, мубодилаи донишҷуён, ташкили таҷрибаомӯзиҳо ва такмили ихтисоси кормандону омӯзгорон ба имзо расонидаанд.
Дар айни замон дар Донишкада 1365 нафар, аз ҷумла дар факултети санъати тасвирӣ 312 нафар (23%), дар факултети дизайн 494 нафар (36%), факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ 496 нафар (36%) ва бахши магистратура, аспирантура ва докторантура 63 нафар (5%) таҳсил намуда истодаанд.
Ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба донишҷуён беҳтарин рассомон, аз ҷумла Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорону дотсентҳо бо истифода аз методу усулҳои муосири таълим дарс мегўянд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






