Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 10 нафар донишҷўёни хориҷӣ таҳсил менамоянд

Февраль 13, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон шумораи донишҷўёни хориҷӣ дар соли 2023 ба 10 нафар мерасад, ки онҳо асосан шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мебошанд. Дар ин хусус Ректори Донишкада Ҷамшед Ғанизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ректор иброз дошт, ки  аксарияти донишҷӯёни хориҷӣ дар хобгоҳи Донишкада зиндагӣ мекунанд ва барои  онҳо беҳтарин шароити зист ва таҳсил муҳайё шудааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати Донишкада дар давраи фаъолияти худ аз соли 2013 то инҷониб бо 16 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, инчунин бо зиёда аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад.

Соли гузашта  масъулини самти робитаҳои байналмилалии Донишкада дар наздик ба 10 чорабинӣ, фестивал, форумҳо ва вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, дар ин давра бо 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, санъати тасвирӣ, сафарбарии академӣ, мубодилаи донишҷуён, ташкили таҷрибаомӯзиҳо ва такмили ихтисоси кормандону омӯзгорон ба имзо расонидаанд.

Дар айни замон дар Донишкада 1365 нафар, аз ҷумла дар факултети санъати тасвирӣ  312 нафар (23%), дар факултети дизайн 494 нафар (36%), факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ 496 нафар (36%) ва бахши магистратура, аспирантура ва докторантура 63 нафар (5%) таҳсил намуда истодаанд.

Ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба донишҷуён беҳтарин рассомон, аз ҷумла Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорону дотсентҳо бо истифода аз методу усулҳои муосири таълим дарс мегўянд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд
Аз 1 апрел даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз мегардад
Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад
НАВРӮЗИ БАДАХШОН. Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд
Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашне, ки башариятро ба сулҳу ваҳдат даъват намуда, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан месозад
Иди Наврӯзро дар дараи Яғноб чӣ гуна ҷашн мегиранд?
ТОҶИКИСТОН — ЗОДГОҲИ НАВРӮЗИ ҶОВИДОНӢ. Ин ҷашн рӯзи сулҳу оштӣ, дӯстию бародарӣ ва баробарӣ аст
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо маҳфили идона доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мегардад
«СУМАНАК БӮИ БАҲОР АСТ…». Раванди омодасозии он хурсандию нишоти ҳамагониро ба вуҷуд меорад