Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид

Февраль 23, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 22 феврал таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо мақсади самаранок гузаронидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҷаласа ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024 оид ба таъсиси гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва гурӯҳҳои кории доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо равона  шудааст.

Дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024 дар ҷаласа масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳои мушаххас оид ба тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳо, ташкили фаъолияти маҳалу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ, ташкили шанбегиҳои дастҷамъонаи мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ва баргузор намудани ҷаласаҳои нахустини гурӯҳҳои кории минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид