Дар Душанбе ҷиҳати таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори саратон ҳамоиш доир шуд

Февраль 24, 2024 09:07

ДУШАНБЕ, 24.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори саратон дар мамлакат дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар он роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатӣ, мутахассисони соҳа ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои соҳавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин самт давоми соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ворид намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, бо мақсади ворид намудани технологияҳои муосир дар ташхиси патоморфологӣ ва иммуногистохимиёвӣ бо ширкати DB Biotech (Словакия) моҳи апрели соли 2023 дар ин марказ ташхисгоҳи иммуногистохимикӣ ба кор шуруъ намуд. Дар натиҷа дар даҳҳо бемори гирифтори саратони ғадуди ширӣ бо истифодаи 4 «антитела» ташхиси иммуногистохимикӣ  (ИГХ) гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин давра марказ дар самти ташхис ба навгониҳо, аз ҷумла ворид намудани онкомаркари НЕ-4 дар бемориҳои онкогинекологӣ, ворид намудани усули рангубор кардани ташхисҳои стологӣ бо усули Нохта (Эозин, Азур 2, буфери фосфатӣ), биопсия омосҳои миёнадевор таҳти назорати компютери томографӣ, ворид намудани барномаи иловагии томографияи компютерӣ барои пайваст намудани буриши аксҳо дар системаи верификатсионӣ бо нақшгирии 3D дар омосҳои бадсифати бофтаҳои мулоим, инчунин дар самти табобат низ ба якчанд навгонӣ ноил гардид.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ дар шуъбаи уропроктологияи марказ дастгоҳи нави систоскопия эндовидеоӣ дастрас ва ҷарроҳиҳои беморони гирифтори саратони масона ва уретра бо намуди трансуретралӣ (ТУР) амалӣ шуд.

Дар ҷаласа якчанд масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид