Дар Душанбе Конференсияи сеюми минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Ин нукта зимни баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, баён гардид.
Ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» (РЕСА 5) аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони соҳаҳои маориф ва илм аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои таҳлили моҳияти лоиҳаи РЕСА дар соли 2023, сохтори лоиҳа, тағйироту иловаҳо дар индикаторҳо ва ҷанбаҳои сабз дар таҳсили касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаҳо барои соли 2024 таҳия гардиданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






