Дар Душанбе рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин Барнома дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






