Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд

Февраль 5, 2024 11:22

ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок ва намояндагони Хадамоти гумруки Корея дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хуршед Каримзода иброз намуд, ки мулоқот ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва мақомоти гумруки Кореяи Ҷанубӣ  заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии байни тарафҳо, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва дастгирии техникии «Зернизоми идораи таваккал»-и Низоми иттилоотии автоматонидаи ягонаи Хадамоти гумрукро баррасӣ намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Корея 16 сентябри соли 2021 зимни сафари Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Чжэ Ҳиён  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зернизоми «Идораи таваккал»-и Низоми ягонаи иттилоотии автоматии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз гардид.

Дар доираи ин зернизом аз ҷониби Хадамоти гумрук лоиҳаи дастгирии техникии «Зернизоми идораи таваккал» барои 3 сол таҳия гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дастгирӣ ёфт.

Инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок аз ҳамкории мутақобилан судманди тарафҳо изҳори розигӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Корея ба густариши ҳамкорӣ дар бахши гумрук таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати меҳмонон лоиҳаи дастгирии техникии «Зернизоми идораи таваккал» рӯнамоӣ шуда, тарзу усулҳои дуруст ва самараноки истифодаи ин зернизом муаррифӣ  гардид.

    АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 5, 2024 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд