Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, идоракунии минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва идоракунии партовҳо зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Баҳодур Шерализода дар бораи зарурати расонидани кумаки техникӣ ба муассисаҳои давлатии ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда, навсозии озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти моддӣ-техникии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуд.
Инчунин дар мулоқот натиҷаҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим СОР28 баррасӣ шуданд.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами пешниҳодҳояшро дар тақвияти ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид иброз намуда, гуфт, ки «умедворем дар оянда ҳамкории мо бештар таҳким меёбад».
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






