Дар Хуросон дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» ҷаласа доир шуд

Февраль 27, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ«Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» бо иштироки ҳайатҳои аъзои шуроҳои ҷамъиятии шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун, Ёвон, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Вахш, Ҷалолуддини Балхӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар шароити инкишофи давлатдории дунявӣ раванди сиёсишавии дин ҳамчун омили таҳдидбарангез ва хатарзо ба амнияти миллӣ эътироф мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намуданд, ки солҳои охир мушкилоти сиёсишавии дин дар мамлакат хеле авҷ гирифтааст, ки пайдоиши гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ натиҷаи ҳамин раванд мебошад. Ин ҳам ба омилҳои дохилие, ки боиси бесуботии сиёсӣ гардидаанд ва ҳам ба таъсири берунии давлатҳо ва ташкилоте, ки ба ноором кардани вазъи сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, алоқаманд аст.

Масъалаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти мураккабу гуногунҷанба буда, ба зарурати ҳифзи шахсият, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт равона шудааст.

Мутобиқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ба амният ва суботи сиёсии давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизмро омили асосии мубориза бо хатару таҳдидҳо ба амнияти миллӣ медонад.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо ташкилоти экстремистию террористии наҳзатиҳо, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор доранд, аз дини мубини ислом суиистифода намуда, мақсад доранд, ки раванди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии моро халалдор намоянд. Бинобар ин ходимони дин бояд байни мардум ҳамаҷониба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, то миллати тоҷик зери парчами миллӣ сарҷамъ бошанд, ба қадри истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ  бирасанд ва якҷо таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватанро   обод намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Февраль 27, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд