Дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Ҳисор Рӯзи Артиши миллӣ бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар қисми ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии /КДАМ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар
медиҳад, ки дар ҷамъомади идона роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ афсарону сарбозони қисми низомиро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон матонату шуҷоатмандӣ таманно намуданд.
Инчунин бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории шаҳр ва Маркази саломатии шаҳрӣ таҳти унвони «Корвони занони ватандӯст» ташаббус доир гардида, ба афсарону сарбозон китобҳои гуногун туҳфа гардиданд.
Ба ҳамин монанд ҳамоишҳои идонаи тантанавии фарҳангӣ бо оростани дастархони идона дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидбонгоҳи сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида, солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукуҳ таҷлил гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






