Дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Ҳисор Рӯзи Артиши миллӣ бошукуҳ таҷлил гардид

Февраль 23, 2024 18:03

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 31-солагии  таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар қисми ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии /КДАМ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор  ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Ҳисор хабар

медиҳад, ки дар ҷамъомади идона роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ афсарону сарбозони қисми низомиро бо Рӯзи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон матонату шуҷоатмандӣ таманно намуданд.

Инчунин бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории шаҳр ва Маркази саломатии шаҳрӣ таҳти унвони «Корвони занони ватандӯст» ташаббус доир гардида, ба афсарону сарбозон китобҳои гуногун туҳфа гардиданд.

Ба ҳамин монанд ҳамоишҳои идонаи тантанавии фарҳангӣ бо оростани дастархони идона дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидбонгоҳи сарҳадии  Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида, солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукуҳ таҷлил гардид.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 23, 2024 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд