Дар коргоҳи дӯзандагии «Кимхо»-и ноҳияи Ишкошим дар оянда либоси мактабӣ дӯхта мешавад

Февраль 17, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар деҳаи Вранг бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кимхо» шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.

Ба роҳбарият иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ дӯхти куртаҳои миллӣ, инчунин болишту кӯрпа, тоқии ишкошимӣ, ҷӯроббофӣ ва муҳракашӣ амалӣ мешавад. Роҳбарият масъулини коргоҳро ҷиҳати дӯхтани либоси мактабӣ вазифадор намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки ба эҳёи ҳунарҳои қадимии хонаводагӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вранги Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим ду коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ гардид.

Коргоҳи хурди дӯзандагии ҶДММ «Кимхо» бо иқдоми ҳунарманд Кимхо Кабирова бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Ҳамчунин аз ҷониби шаҳрванд Наслохон Наслохонов корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Лаби дарё» ифтитоҳ гардид, ки ба истеҳсоли хишт ва сафолакҳо равона шудааст.

Чунин иқдоми бунёдкорона омили асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рушд намуда, сокинони он ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Февраль 17, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд