Дар Минск вохӯрии раисони комиссияҳои марказии интихоботи Тоҷикистон ва Беларус доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли 2024 дар Минск вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Беларус Игор Карпенко баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди кунунии маъракаи интихоботӣ дар Беларусро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкории мутақобилаи мақомоти интихоботии ҳар ду давлатро таъкид намуданд.
Бахтиёр Худоёрзода дар сатҳи баланд ташкил намудани интихобот ва фароҳам овардани тамоми шароити заруриро барои овоздиҳии озоду одилона иброз намуд.
Дар вохӯрӣ Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода низ иштирок дошт.
Ёдовар мешавем, ки 25 феврали соли 2024 дар Ҷумҳурии Беларус рӯзи ягонаи овоздиҳӣ баргузор мегардад, ки дар ҷараёни он вакилони Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ва шуроҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб мешаванд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






