Дар ноҳияҳои Рошқалъа, Мурғоб, Шаҳринав, Лахш ва шаҳри Ваҳдат Кохи фарҳанг сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Рошқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринаву Лахш ва шаҳри Ваҳдат Кохи фарҳанг бунёд карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин тадбирҳо дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 январи соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баён гардиданд, амалӣ мешаванд.
Ба вазоратҳои молия, фарҳанг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дастуру супориш дода шудааст, ки ҷиҳати маблағгузорӣ ва ба анҷом расонидани Кохи фарҳанг дар шаҳри Ваҳдат тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамчунин мақомоти дахлдор вазифадор гардидааст, ки давоми солҳои 2024-2026 барои ба нақшагирӣ ва оянда бунёд намудани Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияҳои Шаҳринав ва Лахш чораҷўӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кохҳои фарҳанг, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгў мебошанд, сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар ин қасрҳо толорҳои бузург барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, ҷамъомадҳо сохта шуда, дар ин ҷо китобхона, марказҳои рассомӣ, осорхонаҳо, шуъбаҳои фарҳанг ва ғайраҳо ҷойгир гардидаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






