Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 60 тухмипошаки нав ба кишти пунбадона ҷалб мешавад
ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни омодагии кишоварзон ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд. Дар ин мавсим дар зиёда аз 8 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, 60 тухмипошаки нав ба кишт ҷалб мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Барфи рӯзҳои охир ҳазорҳо гектар замини шудгоршуда ва боғотро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намии зарурӣ таъмин менамояд, ки ин ба фоидаи кори деҳқонон мебошад.
Иброз гардид, ки солҳои охир маҳз аз ҳисоби рушди иқтисодиёт кишоварзон имкон пайдо намуданд, ки техникаҳои амалашон гуногуни кишоварзӣ харид намоянд.
Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба бандубасти тухмипошакҳо, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва сихмолаву алафдаравакҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Таъкид гардид, ки заҳматкашони вилоят бояд аз имконот ва шароити мавҷудбуда истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон









Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






