Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 60 тухмипошаки нав ба кишти пунбадона ҷалб мешавад

Февраль 20, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни омодагии кишоварзон ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд. Дар ин мавсим дар зиёда аз 8 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, 60 тухмипошаки нав ба кишт ҷалб мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Барфи рӯзҳои охир ҳазорҳо гектар замини шудгоршуда ва боғотро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намии зарурӣ таъмин менамояд, ки ин ба фоидаи кори деҳқонон мебошад.

Иброз гардид, ки солҳои охир маҳз аз ҳисоби рушди иқтисодиёт кишоварзон имкон пайдо намуданд, ки техникаҳои амалашон гуногуни кишоварзӣ  харид намоянд.

Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба бандубасти тухмипошакҳо, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва сихмолаву алафдаравакҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Таъкид гардид, ки заҳматкашони вилоят бояд аз имконот ва шароити мавҷудбуда  истифода намуда, дар  таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

 

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Февраль 20, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад