Дар ноҳияи Ҳамадонӣ заминҳои кишт обёрӣ мегарданд
ҲАМАДОНӢ, 14.02.2024 АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо мақсади дар мавсими обёрии соли 2024 ба мушкилӣ дучор нагардидан, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба тоза намудани заҳбуру заҳкаш ва иншооти обрасон шуруъ намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аллакай садҳо метр канал ва заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Директори Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Панҷоб-6»
гуфт, ки «дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ барои осон гардидани мушкилоти кишоварзон ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ташкил шудаанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба онҳо дохил шуда, аз рӯи дархост бо оби полезӣ таъмин мешаванд. Натиҷаи ҳамкории хуби ассотсиатсияҳо бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ буд, ки соли 2023 хоҷагиҳои деҳқонӣ мунтазам бо оби полезӣ таъмин буда, барои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо замина гузоштанд».
Бояд гуфт, ки заҳбуру заҳкашҳои ноҳия ҳар мавсим аз қум пур мешаванд ва зарурати тоза намудани онҳо пеш меояд. Баъзе каналҳоро дар як мавсим ду маротиба тоза менамоянд. Дар баробари ин иншооти обрасонӣ ва нуқтаҳои тақсимоти об низ аз таъмир бароварда мешаванд.
Бино ба иттилои Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҳолати сари вақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти обрасон имкон пайдо мегардад, ки беш аз 14 ҳазору 400 гектар замин обёрӣ шуда, кишоварзон дар аксари ин заминҳо кишти такрорӣ гузаронанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия






