Дар ноҳияи Дарвоз роҳ кушода буда, бо техникаи махсус сангпораҳо бартараф карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал, соати 08:24 ба вақти маҳаллӣ дар километри 285-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад, резиши санг ба амал омад. Дар ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо ҷалби техникаи махсус фаъолият намуданд ва ҳоло роҳ кушода аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, хавфи офатҳои табиӣ то 24 феврал боқӣ мемонад. Дар робита ба вуҷуд доштани хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маротибаи дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт бошанд.
Дар чунин рӯзҳо ба чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор рафтан маслиҳат нест. Ҳамчунин дар рӯзҳое, ки бориш зиёд аст, набояд корҳои кишоварзӣ гузаронид.
Кумита ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба ҷойҳои пурхатар худдорӣ кунанд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи ҳаракати байни мошинҳоро бояд риоя намоянд, ки ин гарави аслии бехатарӣ мебошад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






