Дар ноҳияи Дарвоз роҳ кушода буда, бо техникаи махсус сангпораҳо бартараф карда шуд

Февраль 21, 2024 16:44

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал, соати 08:24 ба вақти маҳаллӣ дар километри 285-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мегузарад, резиши санг ба амал омад. Дар ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо ҷалби техникаи махсус фаъолият намуданд ва ҳоло роҳ кушода аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, хавфи офатҳои табиӣ  то 24 феврал боқӣ мемонад. Дар робита ба вуҷуд доштани хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маротибаи  дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт бошанд.

Дар чунин рӯзҳо ба чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор рафтан маслиҳат нест. Ҳамчунин дар рӯзҳое, ки бориш зиёд аст, набояд корҳои кишоварзӣ гузаронид.

Кумита ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба ҷойҳои пурхатар худдорӣ кунанд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи ҳаракати байни мошинҳоро бояд риоя намоянд, ки ин гарави аслии бехатарӣ мебошад.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид