Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 41 бинои баландошёна сохта ба истифода дода шуд

Февраль 17, 2024 15:56

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони 149 бинои баландошёна ба нақша гирифта шудаст, ки аз он  41 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус  14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ беш аз 82 намои биноҳои истиқоматӣ таъмири ҷорӣ ва рангубор гардид.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иброз шуд, ки аз тарафи сокинон роҳҳои дохилии маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ба андозаи 12,2 ҳазор метри мураббаъ мумфарш, 72,2 ҳазор метри мураббаъ сангфарш, 40,5 ҳазор метри мураббаъ бетонпӯш ва 3,7 ҳазор метри тӯлонӣ қубурҳои обгузар иваз шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони асосӣ 994,3 миллион сомонӣ сарф шуда, то ин муддат 632,3 миллион сомонӣ ба фондҳои асосӣ барои истифода дода шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 17, 2024 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд