Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 41 бинои баландошёна сохта ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони 149 бинои баландошёна ба нақша гирифта шудаст, ки аз он 41 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ беш аз 82 намои биноҳои истиқоматӣ таъмири ҷорӣ ва рангубор гардид.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иброз шуд, ки аз тарафи сокинон роҳҳои дохилии маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ба андозаи 12,2 ҳазор метри мураббаъ мумфарш, 72,2 ҳазор метри мураббаъ сангфарш, 40,5 ҳазор метри мураббаъ бетонпӯш ва 3,7 ҳазор метри тӯлонӣ қубурҳои обгузар иваз шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони асосӣ 994,3 миллион сомонӣ сарф шуда, то ин муддат 632,3 миллион сомонӣ ба фондҳои асосӣ барои истифода дода шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд






