Дар шаҳри Левакант корхонаи муштараки дӯзандагӣ бо фарогирии 500 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад

Февраль 17, 2024 13:25

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон корхонаи муштараки дӯзандагӣ таъсис дода мешавад. Ин масъала зимни вохӯрии муовини Раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода бо ҳайати сармоягузорони Туркия, ки бо сафари корӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи сармоягузорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод  ба  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Корхона дар заминаи яке аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Левакант таъсис дода шуда, иқтидори истеҳсолии он  дар як сол то 3 миллион  либоси ягона барои муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ, тиббӣ, варзишӣ, ҳарбӣ ва дигар соҳаҳоро  ташкил медиҳад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона аз ашёи хоми ватанӣ, аз қабили пахта ва ресмон истифода шуда, дар мавриди  зиёд гардидани фармоиш, корхона имкон дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро аз ин ҳам зиёд намояд, ки барои дар марҳилаи аввал таъмини талаботи бозори дохилӣ ва минбаъд барои содироти ин намуди маҳсулот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст.

Бо фаъолияти корхонаи муштарак имкон фароҳам меояд, ки ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, дар он то 500 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла занони хонашин ба шуғли доимӣ ва маоши баланд таъмин шаванд.

Инчунин  дар корхонаи муштарак таҷҳизоти лазерӣ барои ҳаккокӣ дар матоъ, сканер барои ба таври худкор гирифтани андозаи либос, хатти технологӣ иборат аз таҷҳизоти махсус барои дӯхт, дарзмолкунӣ, банду баст ва хушкашӯии кимиёвии либос ворид ва насб мешавад. Ин имкон фароҳам меовард, ки ҳар як амалиёти дӯхти либос бо истифода аз таҷҳизоти алоҳидаи худкор ба роҳ монда шавад.

Дар корхона аз матои истеҳсолнамудаи ватанӣ бо андозаҳои гуногун тавассути технологияи муосир мувофиқ ба дархости мизоҷон либосҳои шинаму зебо барои мардон ва занон истеҳсол мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 17, 2024 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад