Дар Синтзяни Чин сардиҳои рекордӣ сабт шудаанд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар уезди Фуюни Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур (НМСУ) — и Ҷумҳурии Мардумии Чин сутунҳои термометрҳо то — 52,3°C паст шуда, аз рекорди истгоҳи обуҳавошиносии маҳаллӣ (-51,5°C), ки соли 1960 сабт шуда буд, гузаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform хабар медиҳад.
Маркази миллии обуҳавошиносии Чин рӯзи душанбе ҳушдори сатҳи максималии «норанҷӣ» — ро дар робита ба хунукӣ дар аксари минтақаҳои Чин нав намуд.
Тибқи пешгӯии Маркази обуҳашиносии Чин, аз рӯзи душанбе то панҷшанбе ҳарорати ҳаво дар аксари минтақаҳои Чин 8 — 12 дараҷа паст шуда, дар баъзе минтақаҳои кишвар метавонад аз 20 дараҷа низ пасттар шавад.
Дар Чин системаи сесатҳаи огоҳӣ дар бораи хунукшавӣ қабул шудааст, ки дар он сатҳи баландтарини хатар бо ранги норанҷӣ муайян шуда, пас аз он зард ва кабуд нишон дода мешаванд.
АКС: russian.new








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






