Дар Синтзяни Чин сардиҳои рекордӣ сабт шудаанд

Февраль 21, 2024 08:34

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар уезди Фуюни Ноҳияи  мухтори Синтзян-Уйғур (НМСУ) — и Ҷумҳурии Мардумии Чин сутунҳои термометрҳо то — 52,3°C паст шуда, аз рекорди истгоҳи обуҳавошиносии  маҳаллӣ (-51,5°C), ки соли 1960 сабт шуда буд, гузаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform хабар медиҳад.

Маркази миллии обуҳавошиносии Чин рӯзи душанбе ҳушдори сатҳи максималии «норанҷӣ» — ро дар робита ба хунукӣ дар аксари минтақаҳои Чин нав намуд.

Тибқи пешгӯии Маркази обуҳашиносии Чин, аз рӯзи душанбе то панҷшанбе ҳарорати ҳаво дар аксари минтақаҳои Чин 8 — 12 дараҷа паст шуда, дар баъзе минтақаҳои кишвар метавонад аз 20 дараҷа низ пасттар шавад.

Дар Чин системаи сесатҳаи огоҳӣ дар бораи хунукшавӣ қабул шудааст, ки дар он сатҳи баландтарини хатар бо ранги норанҷӣ муайян шуда, пас аз он зард ва кабуд нишон дода мешаванд.

АКС: russian.new

Февраль 21, 2024 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт