Дар Тоҷикистон 826 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ оид ба риоя нагардидани қонуни танзим сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 826 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ оид ба риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 56 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки соли 2023 826 парванда баррасӣ гардида, нисбат ба 818 парванда қарорҳои дахлдор қабул шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон беш аз 4 млн 689 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бештари ҳуқуқвайронкуниҳо ба моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне дар эътибор ба тӯйи домодию арӯсӣ, риоя накардани вақти пешбинишуда, набудани шартнома байни соҳиби тарабхона ва ҷониби тӯйдор, ки 250 ҳолати он сабт шудааст, вобаста мебошанд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроиями ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 26204 санҷиш, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе- 6918 санҷиш, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-299, дар вилояти Суғд-5483, дар вилояти Хатлон-5546 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 758 санҷиш гузаронида шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






