Дар ҳудуди Хадамоти зидди жола ду бино ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба «Беҳдошти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» дар Хадамоти зидди жолаи кумита, воқеъ дар шаҳри Ҳисор биноҳо ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ин биноҳо пурра таъмир шуда, бо таҷҳизот ва мебел муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар онҳо се синфхона, китобхона ва озмоишгоҳи компютерӣ мавҷуд буда, ҳаммоми нави замонавӣ низ сохта шудааст.
Ҳадафи асосӣ- дар заминаи онҳо ташкил намудани омӯзиш дар байни кормандони отрядҳои зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким, такмил ва таҳияи платформаи табодули маълумоти байниидоравии Агентии обуҳавошиносӣ бо мақсади пешгӯӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ бо истифода аз радарҳои метеорологии кумита дар шаҳри Ҳисор мебошад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






