Дар ҳудуди Хадамоти зидди жола ду бино ба истифода дода шуд

Февраль 27, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Бонки ҷаҳонӣ оид ба «Беҳдошти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» дар Хадамоти зидди жолаи кумита, воқеъ дар шаҳри Ҳисор биноҳо ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ин биноҳо пурра таъмир шуда, бо таҷҳизот ва мебел муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар онҳо се синфхона, китобхона ва озмоишгоҳи компютерӣ мавҷуд буда, ҳаммоми нави замонавӣ низ сохта шудааст.

Ҳадафи асосӣ- дар заминаи онҳо ташкил намудани омӯзиш дар байни кормандони отрядҳои зиддижолаи Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати таҳким, такмил ва таҳияи платформаи табодули маълумоти байниидоравии Агентии обуҳавошиносӣ бо мақсади пешгӯӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ бо истифода аз радарҳои метеорологии кумита дар шаҳри Ҳисор мебошад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Февраль 27, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад