Дар Урал масъалаи вусъат бахшидани ҷалби академии омӯзгорону донишҷӯёни тоҷик баррасӣ гардид

Февраль 16, 2024 09:08

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи вусъат бахшидани ҷалби академии омӯзгорону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Ҳадафи мулоқот аз вусъат бахшидани табодули таҷрибаи пешқадам, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конфронсҳо, амалӣ намудани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолияти фарогири манфиатҳои ҷонибҳо иборат буда, ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкории мустақим ва судманд дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани самаранокии корҳои таълимӣ, методӣ ва таҳқиқотӣ мусоидати созгор менамояд.

Давлаталӣ Саид изҳор намуд, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, донишгоҳу донишкадаҳои зиёд дорад, ки ҳамкории мо ба нафъи ҳарду ҷониб аст.

Зимни мулоқот масъалаҳои амалӣ намудани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, таҷрибаомӯзӣ ва анҷом додани сафарҳои корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатии вилояти Хатлон  бо роҳбарии раиси вилоят  Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ дар Федератсияи Русия қарор дорад.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Февраль 16, 2024 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард