Дар Вазорати молия вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», инчунин роҳбарони дигар бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби мутахассисони дахлдори Вазорати молия рӯнамо оид ба таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии мамлакат дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ манзур гардида, ҳамзамон вобаста ба масъалаи баррасии роҳҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ иштирокдорон мубодилаи афкори судманд намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






