Дар якчанд минтақаи Чин бо сабаби барфу боронҳои шадид низоми вокуниши изтирорӣ фаъол шудааст
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи Чин дар робита ба ҳарорати паст ва бориши барф дар музофотҳои Анхой, Хэнан ва Хубэй низоми вокуниши фаврии ҳолатҳои фавқулодаи сатҳи чорумро фаъол намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Тавре ки дар вазорат иттилоъ доданд, Кумитаи давлатии пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиши талафот ва мубориза бо онҳо гурӯҳҳои кориро ба се вилояти гуфташуда равон намуд, то барои пешгирии офатҳои табиӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода кумак расонанд.
Интизор меравад, ки бориши ниҳоят сарди борон ва барф якчанд минтақаро фаро гирифта, хатари офатҳои табиӣ нисбатан баланд боқӣ мемонад, изҳор дошт манбаъ.
Инчунин вазорат аз ноҳияҳои дахлдор талаб намуд, ки ба тағйирёбии вазъияти обу ҳаво диққати ҷиддӣ диҳанд, ҳамоҳангсозии байни идораҳои гуногунро тақвият бахшида, қувваҳои хадамоти наҷотдиҳии садамавиро пурзӯр намоянд ва пешакӣ барои бартараф намудани пайомадҳои офатҳои табиӣ омода шаванд.
Истгоҳи марказии обуҳавошиносӣ ҳамон рӯз дар робита ба тӯфонҳои сард ҳушдори «зард» эълон намуд. Дар баъзе минтақаҳои кишвар аз сешанбе то ҷумъа борону барфи шадид меборад.
АКС: «Синхуа»








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






