Дар Зафаробод Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
СУҒД, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод хабар доданд.
Раиси ноҳияи Зафаробод, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд афсарону сарбозон, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, Артиши миллиро муҳофизи обу хоки муқаддаси ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, амнияту оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки Артиши миллӣ дар давраи басе душвору сангин ва бе заминаи мустаҳками моддию техникӣ ташкил шуд, вале дар муддати кӯтоҳ дар партави дастгирию пуштибониҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ба лашкари қавӣ ва муҷаҳҳазу тавоно мубаддал гардид. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавони синни даъватӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ, қарзи фарзандӣ ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд барои таҳкими пояҳои Артиши миллӣ, яъне омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ аз самими дил ва бо камоли садоқат саҳм гузорем.
Дар ҷамъомад ба як зумра хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариаи ҳарбӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
Барномаи рангини идонаи бахши фарҳанги ноҳия табъи иштирокдоронро болида гардонид.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






