Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва Ҳамоҳангсози барномавии идораи TIKA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибраҳим Этхем Унал баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Ҷонибҳо соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, баргузории ҷаласаҳои гурӯҳи кории муштаракро барои рушди ҳамкорӣ мувофиқи мақсад ҳисобиданд.
Дар мулоқот масъалаҳои мусоидат ба ҷалби сармояи Ҷумҳурии Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани даврҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита пешниҳод шуд, ки ҷудо намудани бурсияҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба магистратура дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос дар риштаи сайёҳӣ заминаи мусоид мегузорад.
Ин пешниҳод аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ пазируфта шуда, дар ин самт масъулини ҷонибҳо корҳои муайянро анҷом доданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот роҳбарияти Кумита иброз намуд, ки Форуми дуюми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Форуми якуми он дар шаҳри Истанбул доир шуда буд.
Дар доираи Форуми дуюми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия барои муаррифии имконияти сайёҳии ҳарду ҷониб саёҳат барои рӯзноманигорон бо ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд






