ДИҚҚАТ! Аз ворид намудани ҳазориспанд ва шаш намуди дигар растаниҳо ба ҳудуди Русия худдорӣ намоед
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки 7 феврали соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия ҳазориспанд ва шаш намуди дигар растаниҳо, аз ҷумла, “Банистериопсис каапи (намуди растании Banisteriopsis caapi)”, “Ҳазориспанд (гурӯҳи растаниҳои Peganum)”, “Ибога (намуди растании Tabernanthe iboga)”, “Ҷалоли субҳи серанга (намуди растании Ipomoea tricolor)”, “Садбарги ҳавайӣ (Argyreia nervosa)” ва “Турбинаи сипаршакл (растании намуди Turbina corymbosa)” ба рӯйхати растаниҳои дорои моддаҳои нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ворид гардиданд.
Мутобиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия дар ҳолатҳои воридот, нигоҳдорӣ ва кишти ин растаниҳо дар ҳудуди Федератсияи Русия, инчунин барои дарёфт гардидани то 10 бутта аз растаниҳои гуфташуда ҷавобгарӣ барои шахсони воқеӣ 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ё 5 ҳазор рубл ҷарима, аз 100 бутта зиёд, ки ҳаҷми махсусан калон дониста мешавад, ҷавобгарии ҷиноятӣ то 8 сол маҳрум намудан аз озодӣ муайян карда шудааст.
Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мешавад, ки аз воридоти ин навъи растаниҳо ба ҳудуди Федератсияи Русия худдорӣ намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






