Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро пайдо намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро, ки ҳамасола доир мегардад, пайдо намуд. Дар ин хусус 31 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, инчунин вобаста ба эълон гардидани соли 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мусоидат ба омӯзиш ва амалияи қонуни байналмилалии фурӯши тиҷоратӣ ва рақамӣ ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дархост равон намуд, ки он бо қаноатмандӣ аз тарафи масъулин қобили қабул гардид.
«Акнун донишҷӯёни мо дар баробари 88 давлати ҷаҳон ҳуқуқи иштирок дар озмуни ҳамасолаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро пайдо намуданд»,-афзуд мавсуф.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли 2023 дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо 4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ кушода шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






