Хамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию технологии Арабистони Саудӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод шуд. Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои тавсеи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд. Таъкид шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни илму таҳқиқот ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон амалӣ намудани ҳамкории судманди дуҷонибаро бо Шаҳраки Малик ибн Абдулазиз оид ба илм ва технология (Парки илмӣ-технологӣ), Донишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ ва Маҷмааи омӯзиши забони арабии Шоҳ Салмон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода барои ҳамкории мутақобилан манфиатбахш дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.
Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории илмии дуҷониба бо назардошти имконияти васеи ҳамкорӣ қаноатбахш нест. Аз ин рӯ он зарурати тавсеа ва тақвияти бештарро талаб менамояд. Изҳор гардид, ки лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳия шудааст ва дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.
Қобилҷон Хушвахтзода пешниҳод намуд, ки ҳамкории олимони тоҷик бо ҳамтоёни арабӣ дар самти илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ низ инкишоф дода шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд






