Хонандагони Литсейи хусусии «Нур»-и ноҳияи Шаҳринав дар Озмуни умумирусиявии илмӣ-таҳқиқотӣ соҳиби ду медали тилло ва се медали биринҷӣ шуданд

Февраль 15, 2024 13:46

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Литсейи хусусии «Нур» дар ноҳияи Шахринав дар Озмуни умумирусиявии илмӣ-таҳқиқотӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло ва 3 медали биринҷӣ шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, озмун бахшида ба мероси Дмитрий Менделев аз 2 то 6 феврал доир шуда, 5 хонандаи Литсейи хусусии «Нур» дар байни 1500 иштирокчии даври ниҳоии озмун муваффақона баромад намуданд.

Ба озмун, ки асосан ба мероси илмиву кашфиётии олими кимиё Дмитрий Менделеев бахшида шуда буд, хонандагони Литсейи «Нур» 18 кори илмӣ-таҳқиқотиашонро пешниҳод намуданд. 7 кори илмӣ дар даври ниҳоии озмун қобили қабул дониста шуд. Бояд гуфт, ки корҳо асосан барои такмили муқоисаи ҳисобҳои бадеӣ ва риёзӣ, геометрияи тасвирӣ, ҷуфт намудани нақшҳо ва муқоисаи ороишҳо, робитаи таърих бо терракоти таърихӣ (маснуоти сафолӣ) таҳия шуда буданд.

Дар натиҷа хонандагони синфи 8 Абдумуслим Набиев дар мавзуи «Қолибсозӣ дар проексияҳои зардӯзӣ» ва Ҳусейн Артиков дар мавзуи «Ҳисобҳои эскизӣ аз рӯи қуттисозӣ дар истеҳсоли шероз» ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори медалҳои тилло шуданд.

Ҳамзамон хонандагони синфи 8 Фотима Артикова дар мавзуи «Мувофиқати амалҳои геометрӣ дар чакани тоҷикӣ», Суруш Саидов дар мавзуи «Таърихи Террокот дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав» ва Аслан Тошев дар мавзуи «Империяи Кӯшониён дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав» сазовори ҷойҳои сеюм гардида, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ҷойизадоронро дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Раиси ноҳияи Шаҳринав ва омӯзгорону ҷавонони фаъоли ноҳия истиқбол намуда, онҳоро ифтихори давлату миллат дониста, бо самимияту хушнудӣ табрик намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Февраль 15, 2024 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид